Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт

Февраль 26, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад Ал Зиёдӣ дар шаҳри Абузабӣ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Зимни мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро густариш диҳанд

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Завқӣ Завқизода ҳамтояшро даъват намуд, ки барои ҷалби сармояи Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, истихроҷи маъданҳо ва сохтмони инфрасохтори логистикию сайёҳӣ мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баён карданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид