Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Эрон густариш меёбад

Февраль 29, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия Қобилҷон  Хушвахтзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандиашонро ба тақвияти  ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 1992 барқарор гарида, то ин ҷониб рушду густариш ёфтаанд.  Таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкорӣ ва созишномаҳоро байни ниҳодҳои илмии ду мамлакат тақвият бахшида, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди соҳаи илми ду мамлакати ҳамфарҳангу ҳамзабон мусоидат намоем. Ҳамкорӣ бояд барои омода намудани олимони ҷавон ва ба самти илм ҷалб намудани магистрантону унвонҷӯён тақвият бахшида шавад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкории мутақобилан манфиатбахш изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид