Барои беҳтар намудани омодагии довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ санҷишҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Марказ дар соли 2023 иттилоъ дод, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегардад, гузаронида мешавад.
Вобаста ба ин Марказ бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2023 барои баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва шаҳру ноҳияҳо саволномаҳо таҳия намуд. Саволномаҳо вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо 3-субтестиро дар бар мегирифтанд. Дар маҷмуъ 610 варианти саволномаҳо чоп шуд, ки дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар шаҳру ноҳияе, ки аз онҳо тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ қабул мешуданд, 2‑вариантӣ рост меояд.
Инчунин дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аз ҳар минтақа 2‑вариантии дигар (барои 6 минтақа, дар маҷмуъ – 60 вариант) барои истифодаи эҳтиётӣ саволномаҳо таҳия, чоп ва бастабандӣ шуданд. Дар маҷмуъ, 670 варианти саволномаҳо чоп ва бастабандӣ ва тибқи санад дар дохили қуттиҳо ба намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2019 инҷониб Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоиширо дар шакли тест, интихобан дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 2023 имтиҳонҳои озмоишӣ бо иштироки хатмкунандагони синфҳои 11‑уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуданд.
Тавре роҳбарияти Маркази миллии тестӣ шарҳ доданд, ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ шинос намудани хатмкунандагон бо тартиби Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД), аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур намудани варақаи ҷавобҳо, инчунин додани маълумот ба хатмкунандагону омӯзгорон дар бораи сатҳи омодагии хатмкунандагон ба ин имтиҳонҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии хатмкунандагон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) мебошад.
Ҷолиби диққат ин аст, ки барои баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои умумии миёнаи бадастовардаи хатмкунандагони онҳо дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) нисбат ба муассисаҳои таълимии дигар паст аст, интихоб мешаванд.
Пас аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. Ба ин восита хатмкунандагони дар ин имтиҳонҳо иштирокнамуда дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот гирифтанд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






