Дар Бангкок масъалаҳои тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Тайиланд баррасӣ гардид

Февраль 12, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тайиланд Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир – вазири тиҷоратии Шоҳигарии Тайиланд Фумтам Вечайачай мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити нав барои ҳамкории  иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Тайиланд зоҳир гардид.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими равобити тиҷоратӣ байни ду мамлакатро дар тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани имконияти сармоягузорӣ ва дастгирии корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои муҳими саноат таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд