Дар Бохтар даври шаҳрии озмуни вилоятии «Суруди алла» баргузор шуд

Февраль 18, 2024 10:44

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо ибтикори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти унвони «Алла-ифшогари орзуҳои модар» даври шаҳрии озмуни вилоятии «Суруди алла» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.

Дар озмун роҳбарияти шаҳр доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии занону духтарон сухан гуфтанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки зан-модар беҳтарин армон, арзандатарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва қиматтарин сарвате аст, ки ба ҳамагон ҳаёт мебахшад, ҳастии модар дурахше аст, ки оламро нуру ҷило, қалбҳоро қуввату мадор ато менамояд.

Дар ҳамоиш занони соҳибистеъдоду ҳавасманди шаҳр бо намояндагӣ аз муассисаҳои таълимӣ ва кормандони бахши фарҳанги шаҳр беҳтарин суруди таҷассумгари меҳру муҳаббати модарона- алла сароиданд.

Зимни ҳамоиш ба иштирокчиён Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Февраль 18, 2024 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид