Дар Бонки миллии Тоҷикистон доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия мешавад

Февраль 1, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат дар соли 2023 натиҷагирӣ ва  ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи соҳа  вазифагузорӣ карда шуд. Аз нуктаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки вазифагузориҳо  ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ, ободию пешрафти мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд.

Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаи ҳайати роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба омӯзиши нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Иброз гардид, ки  Президенти Тоҷикистон дар оғози Паём ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуданд, ки соли 2023 бо вуҷуди душвориҳо барои Тоҷикистон соли бобарор буд ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо ба назар расиданд. Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2023   8,3 фоиз зиёд гардид.

Раиси Бонки миллии  Тоҷикистон иброз дошт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст.

Ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имконияти содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳо аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Таъкид шуд, ки дар ин давра сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023  3,8 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда нисбат ба кишварҳои минтақа нисбатан хуб арзёбӣ мешавад.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ инчунин ба масъалаи афзудани даромади буҷети давлатӣ, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ, пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохтору идораҳо дастур дода шуд, ки дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ пурра ҷорӣ намуда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Инчунин Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки сохторҳои номбурда бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта шуд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия мешавад. Иҷрои саривақтии он вазифаи муҳими тамоми кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон  

Февраль 1, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1080 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2500 то 9.2700 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудаас
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба 27,8 ҳазор муштарӣ 1,2 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст