«ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои талаботи ин қонун ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шудааст, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯза қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».
Гуфта шуд, ки амалӣ гардонидани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад






