Дар Душанбе беш аз 6 ҳазор радар насб мешавад

Февраль 22, 2024 10:01

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Душанбе насби радарҳо идома дошта, он 19 намуди қоидавайронкунии ронандагонро сабт намуда, ба пойгоҳи додаҳои ягона мефиристад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Беш аз 6 ҳазор чунин таҷҳизоти техникӣ дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳои серҳаракати нақлиёт насб мешаванд. Онҳо қоидаҳои ҳаракат, ба монанди набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, таваққуф дар истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, баромадан ба хати муқобили ҳаракат, монеа шудан ба дигар воситаҳои нақлиёт ва ғайраро сабт менамоянд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва кам намудани шумораи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 19 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонро дар бораи 30 фоиз кам намудани шумораи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2024 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд