Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 29, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори минтақавии Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд хонум София Шакил вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла рақамикунонии иқтисодиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид