Дар Фаронса бар асари тармафароӣ чор нафар ҳалок шуд

Февраль 26, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари фаромадани тарма дар минтақаи Пюи-де-Дом, воқеъ дар қисми марказии Фаронса чор  лижарон ҳалок шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи радиоии France Bleu хабар додааст.

Тибқи иттилоъ, гурӯҳи иборат аз нуҳ нафар бо нияти берун аз майдон ба кӯҳнавардӣ машғул шудан зери тарма монд. Чор нафари онҳо ҳалок шуданд, се нафар захмҳои сабук бардошта, ду тани дигар, хушбахтона, ҷароҳат набардоштаанд.

Тавре France Bleu муайян намудааст, яке аз ҳалокшудагон роҳбалади гурӯҳ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд