Дар ноҳияи Файзобод мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон бо аҳолӣ дар масоили омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён бо сокинону намояндагони мақомоти гуногуни ноҳияи Файзобод мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон.
Вакили Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки дар марҳилаи ҳозира таърихи арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешаванд, зеро рушди имрӯзу фардои ҷумҳурӣ ба ҳалли дуруст ва саривақтии масоили таълиму тарбияи фарзандони комил, сатҳи маълумот, маърифат ва салоҳияти онҳо вобаста аст.
«Мо набояд фаромӯш созем, ки истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, зеро тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобаста ҳастанд. Бо итминони комил гуфтан ба маврид аст, ки дар давраи аз Паём то Паём супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, иҷрои саривақтии онҳо бо заминаи ҳуқуқӣ таъмин мегардад. Дар ин давра санадҳои муҳими соҳаҳои мухталиф таҳия ва кабул шуданд, ки дар раванди таҳия ва қабули онҳо ҳамаи шохаҳои ҳуқукӣ фаъолона ва босамар иштирок намуданд»,-афзуд Файзулло Наҷмиддиниён.
Дар анҷоми мулоқот фаъолони ноҳияи Файзобод вакили Маҷлиси намояндагонро бовар кунониданд, ки насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланд барои ба мамлакатҳои мутамаддин баробар гардонидани Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






