Дар шарқи Туркия дар кон фурӯрезии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омад
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони турк се коргарро аз зери харобаҳои кон дар вилояти шарқии Элязиг берун бароварданд. Тавре идораи шаҳрдории ин вилоят изҳор дошт, дар зери замин боз як коргари дигар боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
«26 феврал, соати 10:04 дар кони хусусӣ оид ба истихроҷи хром дар маъмурияти Палу фурӯравии замин рух дод. Чор коргар зери харобаҳо монда, се нафар наҷот ёфт. Кӯшишҳо барои наҷот додани як коргари дигар идома доранд», — иттилоъ доданд мақомоти вилоят. Ҳамчунин идораи шаҳрдории вилояти Элязиг гуфтааст, ки прокуратура мурофиаи маъмурӣ ва ҷиноятиро дар бораи ин ҳодиса оғоз намудааст.
Қаблан агентии IHA иттилоъ дода буд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар зери замин се нафар боқӣ мондаанд.
Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони идораи давлатии ҳолатҳои фавқулода ва табибон кор менамоянд. Оид ба сабабҳои фурӯравӣ ҳанӯз маълумот нест.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






