Дар Теҳрон шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Февраль 22, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Шоми муштараки фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода бо муовини якуми Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон доктор Доробӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати дӯст ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳкими бештар бахшидани ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот нақши муҳим ва иқдоми амалии роҳбарони олии ҳарду давлати дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Эрон дар рушд ва густариши робитаҳои ҳасанаи дуҷониба таъкид шуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид