ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Турсунзода беш аз 350 бех ниҳоли арча шинонида шуд

Февраль 27, 2024 18:17

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар талу теппаҳои  деҳаҳои Намуна ва Зарафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода  беш аз 350 ниҳоли  арча шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба ташкили корҳои сабзазоркунӣ ва шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз гузаронида шуд.

Тибқи хабари манбаъ, ниҳоли дарахтон бо тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 27, 2024 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад