Донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон забони чинии касбӣ‐техникӣ меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 47 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ‐техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Чин аз моҳи сентябри соли 2022 баъди иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи 2+2 амалӣ мегардад. Яъне, донишҷӯ мувофиқи барнома имкони таҳсил ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар Чинро пайдо менамояд.
Инчунин тибқи Созишнома байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Чин ба донишкада барои пешбурди барномаи 2+2 барои ихтисоси технология ва саноати заргарӣ таҷҳизоти 3 озмоишгоҳи замонавӣ фиристода шуд. Ин таҷҳизот барои такмили ихтисоси омӯзгорони соҳавии донишкада, таъмин бо озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва мубодилаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий фаъолият менамояд. Дар қаламрави вилояти Суғд танҳо Донишкадаи Конфутсий дар назди ин донишкада ҳуқуқ дорад имтиҳоноти байналмилалии «HSK»-ро дар 6 дараҷа ва имтиҳони шифоҳии «HSKK»-ро дар 3 дараҷа ташкил ва баргузор намояд. Ин имтиҳон ба донишҷӯён барои таҳсили ройгон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ба даст овардани идрорпулӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон соли 2023 Донишкадаи Конфутсий тасмим гирифт, ки ба ҷуз омӯзонидани забони чинии оммавӣ боз ташаббуси омӯзиши забони чинии касбӣ‐техникиро барои донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон амалӣ намояд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






