Гурӯҳи корӣ вазъи санитарӣ ва экологии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро санҷид

Февраль 12, 2024 16:59

ХОРУҒ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳо ва амалӣ намудани бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» марбут ба   истифодаи оқилонаи захираҳои об, аз олудашавӣ ҳифз намудани рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва дарёҳо, парвариш ва нигоҳубини дурусти дарахтон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳити зист ва ободонӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳо фиристода шуд. Дар ин хусус мудири шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ дод.

 Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита   ба масоили муҳити зист ва ҳифзу нигоҳдории он изҳор доштанд, ки «барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният бояд тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шаванд».

Бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти ҷумҳурӣ бо супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи кории вилоятӣ таъсис шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб гардид. Гурӯҳи корӣ фаъолияташро аз ноҳияи Дарвоз оғоз намуда, дар Ҷамоати деҳоти Нулванд  ҳолати роҳу маҳаллаҳои зист ва соҳили дарёи Панҷро санҷида, бо сокинони деҳоти ин ҷамоат мулоқот намуд.

Зимни мулоқот бо бошандагони деҳоти ин ноҳия доир ба  тозагиву ободонии маҳали зист, ҳамеша пок намудани соҳили дарёи Панҷ аз ҳар гуна  маводи пластикӣ соҳил мубодилаи афкор доир шуд.

Таъкид гардид, ки мардуми бофарҳанги тоҷик аз замонҳои пеш на танҳо бо илму адабиёт ва давлатдориву давлатсозиаш маълуму машҳур аст, ҳамчунин тозагиву зебоипарастӣ низ дар фарҳанги миллати куҳанбунёдамон нақши арзишманд дорад.

Гурӯҳи корӣ атрофи Корхонаи хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва корхонаи пахтатозакунакро санҷида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тоза намудани атрофи корхона аз партов супоришҳои мушаххас дод. Ба ҳамин тартиб, гурӯҳи корӣ ҳолати санитарии ҳамаи деҳаҳои ноҳияи Дарвозро мавриди санҷиш  қарор дода, зимни баргузории ҷаласа дар маркази ноҳия бори дигар ҳамаи нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро ба самъи раҳбарони шуъбаву бахшҳои мухталиф расонд ва аз онҳо тақозо намуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат  ин камбудиҳоро бартараф созанд. Барои ба тартиб даровардани атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки вазъи дарёчаи маркази ноҳия дар ҳолати ғайрисанитарӣ  қарор дошта, дар ҳар ду тарафи соҳили он партовҳои маишию саноатӣ ба назар мерасанд. Бо фаро расидани фасли баҳор боронгарӣ шиддат мегирад ва ҳамаи ин ахлотпораҳоро шуста, ба рӯдхонаи кӯҳӣ меандозад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин дар самти роҳи мошин­гарди ҷониби ағбаи Сағирдашт бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин ба ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон сафар намуда, бо аҳолӣ мулоқот намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?