ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир гардид

Февраль 2, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Дар робита ба ин дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода мулоқот доир гардид.

Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян карда шуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад. Он ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Шарифҷон Ҳакимзода роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди мамлакат, рақамикунонии иқтисодиёт, мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи неруи «сабз» табдил додани Тоҷикистон, рушди босуръати соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти миллӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардидаанд, сухан гуфт.

Ҳамзамон аз ҳозирин даъват гардид, ки ба тарбияи насли наврасу ҷавон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати таблиғу ташвиқи моҳияти Паём ба Маҷлиси Олӣ ва муҳимтар аз ҳама, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 2, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд