«МАН ВАТАНДОРАМ!». Ба шарафи 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дарси намунавӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси намунавӣ таҳти унвони «Ман ватандорам!» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дарси намунавӣ бо табрикоти ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорон оғоз гардида, дар он доир ба ташкилу пешрафти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маърузаҳо пешкаш гардиданд.
Баъди анҷоми дарс донишҷӯён дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати ҷавонмардонаи ҷавонони имрӯзаи Ватан шеърҳо қироат намуда, хори умумӣ иҷро ва рақсу бозиҳои ҳарбӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён намоиш дода шуданд.
Мақсад аз гузарондани чунин дарсҳои намунавӣ тайёр намудани донишҷӯён ба хизмати халқу Ватан ва дӯст доштани сарзамин мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






