Масъалаи баланд бардоштани соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Ишкошим баррасӣ гардид

Февраль 20, 2024 18:32

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва  иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошим Анвар Иматшозода масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти мунтазами соҳаи фарҳанг дар ин ноҳияро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва таълиму тарбияи онҳо, сайқал додани мусиқии касбӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон ва сарватҳои фарҳанги ноҳия, тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, аз ҷумла қалъаи Қаҳ-Қаҳа сухан гуфта шуд.

Вазири фарҳанг иброз намуд, ки Мактаби санъат ва рассомии ноҳия аз ҷониби вазорат дастгирӣ ёфта, дар доираи имконияти мавҷуда ба бахши фарҳанги ноҳия адабиёти тозанашр дастрас мешавад.

Ҳамзамон  гуфта шуд, ки масъалаи бунёди Қасри фарҳанги маркази ноҳия мавриди корбарӣ қарор дорад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 20, 2024 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад