НАЗАРИ КОРШИНОС. Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфаи вақти муштариён мусоидат менамояд

Февраль 18, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии муштариён мусоидат намуда,  минбаъд пардохти хизматрасонии давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, интизориҳоро дар назди банкомату постерминалҳои хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту коҳишёбии хароҷоти иловагии мардум мегардад. Чунин изҳори назар намуд сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Рустамҷон Қузратзода.

Дар зер назари коршиносро вобаста ба аҳамият ва афзалияти гузариш ба низоми ғайринақдӣ пешниҳоди хонандагон мегардонем:  

— Дар замони муосир воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави таҳаввулот қадам мегузоранд. Масалан, аз рӯйи маълумоти Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ дар иқтисодиёти Шветсия пули нақд ҳаҷми ками муомилоти пулиро ташкил медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ба таври ниҳоят васеъ истифода мегардад. Шумораи зиёди кишварҳо ҳоло тадриҷан аз ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба усулҳои нисбатан мусоид, арзон ва самараноки муомилоти ғайринакдӣ мегузаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд талош меварзад, ки ҳарчӣ зудтар ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузарад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар мамлакат ба ин самт такони ҷиддӣ бахшид. Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта баёнгари он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои корупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муҳим дорад.

Тибқи ин фармон, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, навъҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Дар баробари ин Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро омода намуда, амнияти пардохтҳо ва имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасонии давлатиро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ таъмин намоянд.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мусоид мегардонад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, давоми солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилоти қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш меёбад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаи муосири пардохтҳои электронӣ ва истифодаи он беш аз пеш зиёд мешавад.

Ҳамзамон ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ имкон медиҳанд, ки пасандозҳо афзоиш ёбанд. Соли 2023 раванди ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ҷалби пасандозҳоро афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2022  25,5 дарсад зиёд гардид. Ҳамзамон ин раванд имкон медиҳад, ки рушди фаъоляти низоми бонкӣ дар мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

Имрӯзҳо аксари ташкилоти қарзии молиявӣ барои пешниҳоди хизматрасонии пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия намудаанд. Дар ин самт шумораи зиёди шаҳрвандон дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳоло аксари ташкилоти қарзии молиявӣ барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасонии пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия менамоянд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронида ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамоянд.

Тамоми талошҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти он ба баланд бардоштани шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Таҳлили вазъи низоми бонкӣ далели он аст, ки ташкилоти қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ доир ба қабули пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ тавассути замимабарномаҳои мобилӣ, шабакаҳои терминалӣ ва дигар роҳу усулҳои хизматрасонии фосилавии бонкӣ ҳамкории судманд менамоянд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо низоми ғайринақдӣ барои аҳолӣ якчанд афзалиятро доро мебошад. Махсусан, зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз миён рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидшуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад. Дар ин радиф пардохтҳои ғайринақдӣ доираи гардиши пулҳои нақдиро рӯз аз рӯз маҳдуд менамоянд. Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ гирифти пули нақд аз банкомат зарур нест.

Дигар афзалияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ- ин бехатарии пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошад:

Якум ин ки онҳо имкон медиҳанд, ки ҳамроҳи худ нақдинаи зиёд гирифта нагардем ва барои бехатар нигоҳ доштани онҳо дар ташвиш набошем.

Дуюм, дар сурати гум шудани (дуздӣ, гумшавӣ, нобудсозӣ ва ғ.) ҳамён пули нақдро яқинан баргардонидан номумкин аст, дар ҳоле ки маблағҳои дар суратҳисоби корти пардохтии бонкӣ ё дар ҳамёни электронӣ бударо зуд банд намудан мумкин аст. Камтар будани хавфи гумшавии маблағи пулӣ ва имкони барқарорсозии он ба соҳиби маблағ таҳти ҳимоя будани маблағҳояшро кафолат медиҳад.

Маълумот дар бораи ҳамаи он маблағҳое, ки барои молу хизматрасонии гуногун харҷ гардида, дар воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, имконият медиҳад, ки пайваста ин хароҷот пайгирӣ шавад. Вақте ки дар бораи маблағҳои харҷкардаатон маълумот доред, метавонед ба саволи «Пул ба куҷо рафт?» ҷавоб пайдо намоед. Ба воситаи корти пардохтии бонкӣ пардохт намудани моли харидашуда–воқеан супориши мо ба бонк аст, ки аз суратҳисоби шумо маблағ дода шавад. Бо доштани нусхаи электронии ҳамаи пардохтҳо барои шумо пайгирию назорат намудани транзаксияи (амалиёти) даркорӣ осонтар мебошад.

Дар асоси ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳар чӣ қадар муомилоти пулӣ суръати баланд дошта бошад, барои боз ҳам бештар рушд намудани тамоми механизмҳои  иқтисодиёт ва давлат имконият пайдо мегардад. Метавон гуфт, ки нақши эквивалентӣ дар ин самт на ба воситаи пулҳои қоғазӣ, балки тавассути технологияи иттилоотӣ, ки дар асри 21 ҳамто надорад, амалӣ мегардад. Албатта, дар даҳсолаи охир ба даст овардани чунин натиҷаҳои назаррас ва зуд ба эътимоди истифодабарандагон даромадан яке аз натиҷаҳои беҳтарини ихтирооти асри нав ба ҳисоб меравад. Аммо барои такмили асосҳои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ иродаи қавии на танҳо бонкҳо ва Ҳукумати мамлакат зарур аст, балки саъю кӯшиши муштараки аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар истифодабарандагон доир ба низоми пардохти ғайринақдӣ зарур ва муҳим мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 18, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид