НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 42 омӯзгори ноҳияи Шаҳринав бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
ШАҲРИНАВ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори раиси ноҳия 216 банди нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия то имрӯз 83 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони қисмати дигари иншооти ҷашнӣ идома дорад. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мунтазам бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гашта, иншооти иловагие, ки аз тарафи сокинон пешниҳод мегарданд, ба нақшаи чорабиниҳо илова мешаванд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тавре дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар назди 36 муассисаи таълимии ноҳия 1405 кӯдакони 5-6- сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Инчунин ба хотири амалӣ гардонидани ин барнома аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Кремлёв дар айни замон корҳои навсозии кӯдакистони №2-и ноҳия бо маблағи 7 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо ба назар гирифтани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷети ноҳия 65 миллиону 19 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 958 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 40 миллиону 36 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид шуданд. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ноҳияи Шаҳринав 1 миллиону 823 ҳазору 411 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 670 ҳазору 161 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон дар ноҳияи Шаҳринав 42 омӯзгорро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намуданд. Ҳамчунин 69 омӯзгор аз бонкҳои давлатӣ қарзҳои имтиёзнок гирифта, 77 омӯзгори ҷавоне, ки нав ба кор омадаанд, бо 10 фоиз маоши иловагӣ таъмин гардиданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






