НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сатҳи таваррум муътадил буда, соли 2023 3,8 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 6,6 фоиз ва арзиши хизматрасонии пулӣ 1,2 фоиз ба амал омадааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2023 гузориш дод.
Номбурда афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ-қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 108 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 8,9 миллиард сомонӣ баргузор намуд. Дар ин давра аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб гардиданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 721,9 миллион сомониро ташкил менамоянд.
Гуфта шуд, ки меъёри бозтамвил, ки барои анҷом додани амалиёти монетарӣ фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб мешавад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ аз аввали соли 2023 тадриҷан ба андозаи 3,0 банди фоизӣ паст гардида, дар сатҳи 10,0 фоизи солона муқаррар шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид






