НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон ҳиссаи содиротро дар гардиши савдои хориҷӣ то 40 фоиз зиёд ва воридотро то 60 фоиз кам менамояд

Февраль 13, 2024 14:52

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021-2025» мо бояд ҳиссаи содиротро дар гардиши савдои хориҷӣ то соли 2025 40 фоиз зиёд ва воридотро то 60 фисад кам намоем. Солҳои қаблӣ ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ тақрибан 20 фоиз буда, соли 2023 ин шумора ба 30 фоиз баробар шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, солҳои қаблӣ ҳиссаи воридот дар савдои хориҷӣ 80 фоизро ташкил медод, ҳоло бо амалишавии ин барнома он ба 70 фоиз баробар гардид.

«Соли 2023 дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияи муосир таъсис шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум афзоиш ёфт ва талаботи бозори дохилӣ таъмин гашта, сохтори содирот батадриҷ васеъ мегардад»,-изҳор дошт Вазири рушди иқтисод ва савдо.

Таъкид гардид, ки новобаста аз вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои ҳарбию тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таъмини суръати пешбинишудаи рушди иқтисодии мамлакат, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ соли 2023 дар маҷмуъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 130,8 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,3 фоизро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз ба миён омад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард