ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон соҳиби толори варзишӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Вамди Ҷамоати деҳоти Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Зимни ифтитоҳи толори варзишӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот гуфт, ки «толори варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сокинони деҳа бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Он барои 80 ҷой пешбинӣ гардида, дар ин ҷо варзишгарон аз рӯйи се намуди варзиш — гӯштин, теннис ва баскетбол тамрин менамоянд».
Раиси вилоят бо варзишгарони навраси деҳа суҳбат намуда, ба онҳо барои истифодаи мақсадноки толори варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин толори варзишӣ асбобу таҷҳизоти варзишӣ тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






