Оператори «Анор» рақамҳои «қиматбаҳоро» ройгон то хона мерасонад
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оператори инноватсионии имконияти содаи рақамӣ тартиби хариди рақамҳои зуд дар хотир ҳифзшавандаро осон мегардонад. Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки SIM-кортро бо рақами зебо ва тарофаи «Диёр 50» ба хона фармоиш диҳанд. Мутахассиси толори фирмавӣ онро ба суроғаи зарурӣ ройгон оварда мерасонад.
Чӣ тавр метавон рақамро интихоб намуд?
Рақамҳои зеборо метавонед дар сомонаи https://anor.mobi/ ва инчунин аккаунтҳои «Анор» дар Instagram ва Telegram интихоб намоед. Агар дар рӯйхатҳои интишоршуда варианти бароятон мувофиқ набошад, метавонед ба мутахассиси дастгирӣ дар Telegram бо рақами 781-781-781 муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш намоед, ки бароятон комбинатсияи дилхоҳи рақамҳоро пайдо намояд.
Бурда расонидани ройгони SIM-корт танҳо дар он ҳолате имконпазир аст, ки агар нархи рақами интихобшудаи «қиматбаҳо» аз 50 сомонӣ зиёдтар бошад. Ба ғайр аз ин, зарур аст, ки маблағи тарофае, ки ба таври пегфарз ба SIM-корт пайваст шудааст, яъне тарофаи «Диёр 50» бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ пардохт шавад. Яъне маблағи харид аз 100 сомонӣ оғоз меёбад. Сипас метавон ба дилхоҳ тарофаи дигар гузашт.
Чӣ тавр метавон бурдарасониро фармоиш дод?
Баъди интихоби рақам дар телеграм-канали 781-781-781 дархост гузоред. Пас аз ин мутахассиси «Анор» бо Шумо тамос гирифта, вақту макони бурдарасонии SIM-кортро, ки бароятон созгор аст, мувофиқа менамояд. Бурдарасонии ройгон танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконпазир аст!
Имзокунии шартномаи абонентӣ ва пардохти харид дар лаҳзаи ба даст овардани SIM-корт имконпазир аст. Дар баробари ин, шуморо зарур аст, ки шиносномаатонро пешниҳод намоед. Истифодаи алоқаи «Анор»-ро бо рақами «қиматбаҳо» метавонед баъд аз якчанд дақиқа пас аз барасмиятдарории шартнома бо оператор оғоз намоед.
«Хизматрасонии нави оператори «Анор» маро ба ҳайрат овард. Ман рақами телефонеро мехостам, ки ба рақами мошини ман мувофиқат намояд. Ман ба мутахассиси дастгирӣ дар Telegram навиштам ва онҳо давоми як соат ба ман симкортро бо рақаме, ки ман орзу менамудам, оварданд!» – мегӯяд муштарии оператор Толиб Салихов.
Рақами зеборо интихоб намоед, бурдарасонии ройгонро фармоиш диҳед ва SIM-корти «Анор»-ро ҳар он ҷое, ки бароятон созгор аст, ба дасти худ гиред!








Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






