«ШОМИ МУШТАРАКИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН». Дар Теҳрон вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории «Шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон» мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода бо муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Байни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстона доир шуда, вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз қабили баргузории намоиши байналмилалии китоб, нашри китобҳо, гиромидошти адибони классику муосир ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ табодули афкор баргузор гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба чопи китоби «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ изҳори хушҳолӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврал дар Маҷмааи фарҳангии Ниёварони шаҳри Теҳрон барномаи муштараки фарҳангӣ баргузор гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






