ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, ҷумъа, 47-умин рӯзи соли 2024

Февраль 16, 2024 08:00

Соли 1903 аввалин маротиба барои пурра намудани дандонҳо  фарфор истифода гардид.

***

Соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами  хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

 ***

16 феврали соли 2005  Ҷамъияти  саҳомии   муштараки  Русия  ва  Тоҷикистон -Неругоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.

***

16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

***

16 феврали соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистон ва Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ шуруъ шуд.

 ***

16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

*** 

16 феврали соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуданд.

***

16 феврали соли 2022 дар Душанбе ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мусоидат барои амалигардонии ҳадафу афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лени Монтиел баррасӣ гардид.

***

16 феврали соли 2023  бар асари лағзиши тарма шумораи ҳалокшудагон дар Хоруғ ба 13 нафар расид

16 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.

***

Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.

Февраль 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 январ, шанбе, 4-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, ҷумъа, 3-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, панҷшанбе, 2-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, чоршанбе, 1-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, сешанбе, 366-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст