Талафоти чорво дар миқёси Муғулистон аз 1,5 миллион гузашт

Февраль 24, 2024 08:48

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз талафоти чорво дар миқёси Муғулистон аз 1,5 миллион сар зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе муовини сарвазир, раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхон дар нишасти матбуотӣ барои расонаҳо иброз доштааст.

Дар Муғулистон бо сабаби тағйирёбии иқлим дар фасли зимистон намудҳои гуногуни норасоии ғизои чорво ба назар мерасад. Аз оғози зимистони имсола бо сабаби тағйирёбии якбораи ҳарорати ҳаво ва барфи зиёд дар аксари қаламрави Муғулистон бисёр бодиянишинони чорводори муғул, ки дар чарогоҳҳо чорво мечаронанд, бо норасоии ғизои (сафед) чорво (ва оҳан) рӯ ба рӯ шуданд, ки боиси талафоти шумораи зиёди чорво дар бисёр минтақаҳо гардидааст.

Коршиносон  тасдиқ намуданд, ки бар асари бориши зиёди барф алафҳо барои чорво дастнорас мешаванд. Барфи обшуда ба ях мубаддал гашта, заминро рӯйпӯш ва ғизоро барои чорво дастнорас менамояд.

Ҳоло чорводорӣ асоси иқтисодиёти Муғулистон буда, қариб 40 фоизи аҳолии кӯчманчии мамлакат аз ҳисоби даромади он зиндагӣ менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад