Таваллуд дар Ҷопон соли 2023 ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт

Февраль 28, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи кӯдаконе, ки ҳамасола дар Ҷопон таваллуд мешаванд, соли ҳаштум аст, ки пайи ҳам коҳиш меёбад ва соли 2023 ба ҳадди ақалли рекордӣ расид, чунин бармеояд аз маълумоти пешакии ҳукумати ин кишвар. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои Ҷопон хабар додааст.

Тибқи иттилоъ, мизони таваллуд нисбат ба соли гузашта 5,1% коҳиш ёфта, 758 631 нафар ва шумораи издивоҷҳо 5,9% коҳиш ёфта, 489 281 ҳолатро ташкил додааст. Нахустин маротиба  дар 90 сол ин рақам аз 500 000 поён фаромад, ки коҳиши минбаъдаи аҳолиро пешбинӣ менамояд, зеро дар Ҷопон таваллуд берун аз никоҳ хеле кам аст.

Мувофиқи баҳодиҳии Институти миллии таҳқиқоти демографӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, то соли 2070 аҳолии Ҷопон тақрибан 30% коҳиш ёфта, 87 миллион нафарро ташкил медиҳад (нисбат ба қариб 125 миллиони ҳозира) ва зимнан, аз ҳар даҳ нафар чор нафар 65-сола ва аз он боло мешаванд.

Акс: АЗЕРТАҶ

Февраль 28, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд