Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтаанд суратҳисобҳои муросилотӣ кушоянд

Февраль 22, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории байнибонкии  Тоҷикистон ва Корея зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода  ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат ва имконияти сармоягузорӣ, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея табодули назар намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон саҳми Ҷумҳурии Кореяро дар рушди иқтидори низоми бонкии мамлакат чашмрас арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки солҳои охир соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, инфрасохтор, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, кумаки гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳамкории Тоҷикистон ва Корея авлавият пайдо менамоянд. Аз ҷумла, соли 2023 Бонки Корея ва Вазорати иқтисод ва молияи Корея дар самти рушди молиявӣ дар Осиё ва Корея, суботи молиявӣ, таҳкими неруи рақамӣ дар рушди бозори сармоя ва инкишофи иқтисодӣ дар давраи пасазковидӣ, аудити дохилӣ ва гузариш ба иқтисоди «сабз» чорабиниҳои таълимию омӯзишӣ ташкил намуданд, ки дар он кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуда, донишашонро сайқал доданд.

Изҳори умед шуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ идома ёфта, теъдоди ҳарчи бештари кормандони бонкҳои Тоҷикистон имкон пайдо менамоянд аз таҷрибаи ҳамтоёни кореягияшон бархурдор гарданд. Зеро чунин чорабиниҳои таълимӣ дараҷаи тахассусии кормандонро боло бурда, ба рушди низоми бонкӣ мусоидат менамоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Ҷумҳурии Корея ҳавасманд мебошанд. Ба имзо расидани лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея далели тавсеаи ҳамкории тарафайн мебошад.

Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷумҳурии Корея ва дар ин замина кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ изҳор доштанд.

Таъкид шуд, ки ин тадбир саривақтӣ буда, ба рушди иқтисоди тарафҳо таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон изҳори боварӣ шуд, ки ҳамкорӣ бо Низоми миллии пардохти Корея (KFTC) дар самти рақамикунонии пардохтҳо ва вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ густариш меёбад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд