РУШДИ МАОРИФ. Музди маоши омӯзгорони гурӯҳҳои русиву англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 10 фоиз зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 1 феврали соли 2024 маоши омӯзгорони забони русӣ ва англисиро аз ҳисоби маблағҳои махсус 10 фоиз зиёд намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ин тасмим бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи ҳадафҳои дар назди роҳбарияти донишгоҳ гузошта, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо гирифта шуд.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ дар бораи ташаббусҳои беназиру мондагори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ба масъулин дастуру супориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, тамоми кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуданд, ки забони русиву англисиро аз худ намоянд.
Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
«Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қаблан низ дар самти забондонию забономӯзии донишҷӯён иқдоми шоиста пеш гирифта буд. Яъне, донишҷӯёнеро, ки 400 вожаи пешниҳодшуда аз забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик аз бар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод намуда буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид






