РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 корхонаи замонавӣ бо фарогирии зиёда аз 1000 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Март 30, 2024 14:42

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 корхонаи замонавӣ бо ворид кардани хатҳои нави технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина, зиёда аз 1000 ҷойи нави кор муҳайё мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад.

Тибқи иттилои масъулин, аксари корхонаҳое, ки дар ин ноҳия сохта мешаванд, дар ҷумҳурӣ аз лиҳози истеҳсоли номгӯйи маҳсулот маротибаи аввал буда, асосан, маҳсулоти содиротивазкунанда истеҳсол менамоянд. Айни замон шумораи умумии корхонаҳои саноатии ноҳия ба 182 адад расида, соли сипаришуда ба маблағи 5 миллиарду 152 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дар айни замон дар ноҳия сохтмони корхонаҳои истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ «Муосирпласт», истеҳсоли орди ҶДММ «Орди фатир», истеҳсоли асбобҳои рӯзгори ҶДММ «Саноатикунонӣ», истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳии ҶДММ «Титан 8888» идома дошта, корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ «Муосирпласт» дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, асосан, барои истеҳсоли зарфҳои яккарата пешбинӣ шуда, дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешаванд.

Корхонаи мазкур аз се коргоҳ, истеҳсоли плёнка, қолабдиҳӣ ва рангубор иборат буда, то 70 намуд зарфҳои гуногуни яккарата, ки барои бандубасти маҳсулоти шириву хӯрока истифода мешавад, истеҳол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки чунин хатти истеҳсолот дар ҷумҳурӣ нахустин ба ҳисоб рафта, то ҳол ин навъи маҳсулот ба мамлакат аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Дар ҳудуди корхона, ҳамчунин, биноҳои маъмуриву ёрирасон, бандубаст, анбор ва ошхона сохта мешаванд.

ҶДММ «Фатир Агро» яке аз бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо навъҳои гуногуни орд басо назаррас мебошад. Муассисони корхона азм доранд, ки доираи фаъолияти худро боз ҳам фарох гардонда, хатҳои нави истеҳсолиро ба кор андозанд. Бо ин мақсад, бунёди корхонаи нав бо иқтидори коркарди 1000 тонна ғалла дар як шабонарӯз ба роҳ монда шуда, айни замон кор дар ин самт босуръат ҷараён дорад. Барои ин мутахассисони варзидаи соҳа ва сохтмончиён ҷалб гардида, имрӯзҳо бунёди анборҳои захираи гандум ҷараён дорад.

Бо ин мақсад, нуҳ анбор ҳар яке бо ғунҷоиши то 4 ҳазор тонна гандум бунёд мешавад. Фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам меоварад, то рақобат дар бозори дохилӣ бештар гардида, сифати маҳсулот боло рафтаву арзиши он то андозае коҳиш ёбад. Баробари ба кор андохтани ин коргоҳ, то 500 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешавад.

Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ «Саноатикунонӣ» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад.

Дар корхона техникаи замонавии рӯзғор истеҳсол мешавад ва ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳамзамон, бозорҳои вилоят бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мешаванд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дошта, масъулон азм доранд соли равон онро ба истифода диҳанд.

Корхонаи нави саноатии ҶДММ «Титан 8888» низ дар доираи элон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд меёбад. Дар он, асосан, маҳсулоти содиротиивазкунанда – радиатор (таҷҳизоти гармидиҳӣ барои хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ) истеҳсол мешавад.

Бо ба истифода додани ин корхонаҳо, шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия аз 200 адад гузашта, аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз пешрафтатарин дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2024 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд