Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин ҷамъият хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории густурда табодули афкор намуданд.
Раиси ҷамъият Сайдулло Хайруллоев оид ба фаъолияти кории ҷамъиятҳои зертобеи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ маълумот дод. Ҷонибҳо барои ба сатҳи баланд бардоштани робитаҳои дӯстиву фарҳангӣ, инчунин алоқаи донишгоҳҳои Тоҷикистон бо Ҷопон дар рушди илм ва таҷрибаомӯзӣ байни омӯзгорону донишҷӯёни ду мамлакат табодули афкор намуданд.
АКС: Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






