Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

Март 4, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Созишномаи генералӣ бо мувофиқаи  тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Раиси  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Айёмбек Акрамзода ба имзо расонида шуд.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

Март 4, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид