Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид

Март 8, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақому манзалати волои Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият сабаб гардид, ки  Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Ин суханон зимни баргузории ҳамоиши тантанавӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар баён шуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода изҳор намуд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои Модар  арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ  то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо  ба шумор меравад. «Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз занони меҳрубон вобастагии  калон дорад»,-афзуд Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки дар нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Дар ҳамоиш чанде аз кормандон вобаста ба арҷгузорӣ ва ситоиши олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ: Зан – Модар сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби Раиси Кумита як зумра занони фаъол барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо Сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад