Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд

Март 28, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дар якчанд қисми ҳарбӣ тадбирҳои фараҳбахш амалӣ шуда, дар маҷмуъ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ дастовез ва ба хонаводаҳои хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ 10 ҳазор кило маҳсулот дастрас карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Баҳри руҳбаланд намудани афсарону сарбозони шуҷои Ватан, аз ҷумла хизматчиёни қисми низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизматро сарбаландона адо менамоянд, бо бурдани корҳои тарғиботӣ нақшаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардида, дар баробари оростани дастурхони пурнозу неъмати наврӯзӣ ба хизматчиён дастовези гуногун дастрас гардид.

Иброз гардид, ки муҳайёсозии имконот ва беҳдошти шароити рӯзгор, хосса таъмини нишондиҳандаҳои некуаҳволии мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, марҳила ба марҳила бо ҳидоятҳо, татбиқи барномаву нақшаҳои мушаххас, аз ҷумла ҳавасмандсозӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша низ таҳким бахшида мешавад.

Рушди иҷтимоӣ ва ҳадафҳои устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок амалӣ гардида, дар асоси гузаронидани тадбирҳои саривақтӣ  имконоти кормандони сохторҳои қудратӣ ва некуаҳволии оилаҳои онҳо таҳким бахшида мешавад.

Дар ин робита бо сарбозону афсарон суҳбати самимӣ доир шуда, моҳияти афзалияти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат оид ба фароҳам овардани шароити муосири хизмат барои сарбозону афсарони содиқи ватан фаҳмонида шуд.

Инчунин дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун идомаи тадбирҳои пуршукуҳи наврӯзӣ ҷамъомадҳо ташкил шуда, бо шиносоии шароити будубош ва имконоти самарабахши хизмати ҳарбӣ тадбирҳои маишӣ, аз ҷумла дастурхони хоси ҷашнӣ ороста шуд.

Дар идомаи ҳадафҳои созанда дар якчанд қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлат ва шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов дастурхони наврӯзӣ ороста шуд.

Аз ҷумла, дар заминаи нақшаи руҳбаландкунанда дар қисми ҳарбии Маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии навбатӣ гузаронида шуда, бо густурдани хон дастовардҳои беназири ин ниҳоди муҳофизатӣ ёдоварӣ гардид.

Бо назардошти муҳайё сохтани имконоти муосир ва мутобиқ намудани сатҳу сифати хизмат шароит дар қӯшунҳои сарҳадӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсиси қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такмили сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Ин аст, ки имрӯз тадбирҳои маишиву иҷтимоӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисон ва пуррасозии саф бо афсарони касбӣ бо ифтихор амалӣ гардида, дар ҷараёни он масъалаи якдиливу ҳампаймонӣ аз рӯи ҳамоишҳои маърифатӣ тарғиб мегардад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар қисми ҳарбии Дастаи таъйиноти махсуси қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо вохўриву суҳбатҳо корҳои тарғиботӣ гузаронида шуда, барои хизматчиёни ҳарбӣ  — сарбозон ва афсарон чорабиниҳои маишӣ-маърифатӣ доир карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ бо фарогирии 4 қисми ҳарбии тобеи вазоратҳои мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ ва ба хонаводаҳои онҳо 83 бастаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал- иборат аз орду равған, шакар, макарон ва гӯшти паранда дастрас гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид