Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Март 8, 2024 14:57

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантана ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон бозгӯи  эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосса   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Модар дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки  роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба тамоми занон саломатӣ ва саодати рӯзгор таманно намуданд.

Гуфта шуд, ки нақши занон-модарон дар пойдории давлату миллат, сулҳу ваҳдат, ободии ҳар хонадон, тарбия  ва ба воя расонидани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, талқини  эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихор аз Ватан дар ҷомеа беназир аст.

Раиси шаҳри Ҳисор аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар шуда, афзуд, ки имрӯз занон тоҷик ба хотири рушди  соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат менамоянд. Дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Шумораи зиёди занону духтарони  лаёқатманду баландихтисос ба идоракунии давлатӣ ҷалб гардидаанд. Нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.


Раиси шаҳр аз матонату фидокории занони шаҳри Ҳисор, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии мамлакат содиқона хизмат намуда, номашонро дар таърихи шаҳр бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд, бо ифтихор сухан гуфт. Изҳор шуд, ки рӯзгори онҳо барои занону духтарони шаҳр намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш мебошад. Занони шаҳри Ҳисор дар ҷомеа дар радифи иҷрои  рисолати модарӣ, инчунин тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагиро сарбаландона иҷро менамоянд ва дар рушду ободии мамлакат, раванди бунёдкориву созандагӣ саҳми босазо мегузоранд.

Таъкид шуд, ки соли 2024 бо пешниҳоди Сарвари  давлат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудааст, ки он ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, волоияти қонун, риояи талаботу муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муосидат менамояд.

Дар анҷом барномаи идонаи консертӣ пешкаши иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 8, 2024 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён