Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 марти соли 2024 дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот гузаронидани маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯён, дидорбинии журналистони собиқадор, озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар назар аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯз мусобиқаи анъанавии шоҳмоту шашка байни кормандони рӯзномаву маҷалла ва воситаҳои ахбори омма, мулоқоти собиқадорони матбуот бо аъзои маҳфили «Мухбирони ҷавон» ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






