Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ доир шуда, мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯён, дидорбинии журналистони собиқадор, озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар назар аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯз мусобиқаи анъанавии шоҳмоту шашка байни кормандони рӯзномаву маҷалла ва воситаҳои ахбори омма, мулоқоти собиқадорони матбуот бо аъзои маҳфили «Мухбирони ҷавон» ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






