Дастовардҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Женева муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 14 март дар қисмати ҷамъбастии Форуми сатҳи баланд вобаста ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки бо ҳамоҳангсозии Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо (UNECE) дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки 56 кишвари аъзои он ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Завқӣ Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо якдилона қабул намуд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037-ро бомаром татбиқ дорад, ки дар айни замон 98 фоизи неруи барқи мамлакатро энергияи «сабз» ташкил менамояд.
Роҳбари ҳайати расмии ҷумҳурӣ баён намуд, ки тибқи маълумоти Конфронси Савдо ва Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD) норасоии маблағҳо барои татбиқи пурраи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамасола ҳудуди 4 триллион доллар дар як солро ташкил медиҳад. Вазир аз шарикони рушд ва кишварҳои донор даъват намуд, ки барои мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва камдаромад маблағҳои бештар ҷудо намоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид






