Имсол азхудкунии 3410 гектар заминҳои нави обёришаванда ба нақша гирифта шудааст

Март 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 феврал дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, масъалаи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2023 азхуд намудани 1547 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба нақша гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 3082 гектар (199%) заминҳои нави обёришаванда азхуд ва 1092 гектар (228%) заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор гардиданд.

Соли 2024 таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани таъминоти оби заминҳои обёришаванда, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ба масоҳати 3410 гектар, барқарорсозии 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9812 гектар заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 36065 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишину иншооти хоҷагии халқ, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошанд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷоми онҳоро ба нақша гирифтааст.

Мавриди тазаккур аст, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ, вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор гардидаанд, ки 1000 гектар замин дар мавзеъҳои Сўфиамон, Сафедчашмаи деҳоти Тоҷикистон ва Чорчашмаи деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувонро бо об таъмин намоянд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки насосҳои обкашии Оқ-газа-4-ро барқарор намуда, қубурҳои обгузари партовгоҳи шаҳри Левакантро дар давоми солҳои 2024-2026 аз таъмири асосӣ бароранд.

Ҳамчунин ҷиҳати аз таъмири асосӣ баровардани пойгоҳҳои обкашии Файзободқалъа №№ 0, 1,2, 3, Бойтудашт 1, 2, Навбаҳор ва Сарҳадчӣ 0, 1, 5, 6, 7 дар ноҳияи Панҷ, бо оби нўшоки таъмин намудани маркази ноҳия, деҳоти Ватан, Хуросон ва Истиқлоли ноҳияи Фархор дар давоми солҳои 2024-2026 масъулин бояд тадбирҳои муассир андешанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Март 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд