«НАҚШИ ЗАН ДАР РУШДИ ҲАЁТИ МАЪНАВИИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗАИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши зан дар рушди ҳаёти маънавии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ният ва ташаббусу иқдоми тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ ва ҳаёт аст.
«Аз ин рӯ, мо модаронро чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меоварем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Таҷлили Рӯзи Модар ҷашни ҳар зан ва ҳар хонавода аст ва бешак, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан-Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад»,-изҳор дошт ӯ.
Таъкид гардид, ки яке аз рукнҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ба шумор меравад. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 дар сад, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 дар садро занон ташкил медиҳанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ дар замони истиқлолият ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавиашон ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас мерасонанд.
Масалан, дар ин самт дар панҷ соли охир маблағи қарзии ба занону духтарон пешниҳодшуда зиёда аз 12,1 миллиард сомониро ташкил додааст. Ин рақамҳо гувоҳи равшани фаъол будани занону духтарон дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошанд.
Баён шуд, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору арҷгузории Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон ва далели равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани ин қишри ҷомеа мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






