ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 март, шанбе, 90-умин рӯзи соли 2024 аст
30 марти соли 1960 бо Қарори Шурои вазирони Тоҷикистон Палатаи савдои Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи Конфронси Душанбегии сатҳи баланд муҳокима гардид.
***
30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
***
30 марти соли 2020 дар ноҳияи Ёвон 11 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.
***
30 марти соли 2021 дар Шурои Маҷлиси намояндагон ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
***
30 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд.
***
30 марти соли 2022 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардид.
***
30 марти соли 2023 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд идома ёфт. Дар шаҳри Истиқлол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани санги асос ба бунёди марҳалаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис оғоз бахшиданд.
30 МАРТ:
Дар Фаластин – Рӯзи ҳифзи замин.
***
Дар ИМА – Рӯзи миллии духтурон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Хайринисо Юсуфӣ- соли 1964 -ходими давлатӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
***
Давлаталӣ Саид- соли 1970- ходими давлатӣ, Раиси вилояти Хатлон