Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Тавсия оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соҳаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ёддошти тавзеҳӣ ба ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ин тавсияҳо бо пешниҳоди Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ тибқи банди 22 банди 1 Барномаи фаъолияти Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 пешниҳод шудааст.
«Дар шароити муосири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳоҷирати аҳолӣ объективона унсури муҳимтарине аст, ки фаъолияти самараноки ҳам механизмҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳам миллиро таъмин менамояд. Яке аз тамоюлҳои номусоиди рушди падидаи муҳоҷирати аҳолӣ дар ҷаҳони муосир миқёси афзояндаи шаклҳои ғайриқонунии он мебошад», — иброз намуд дар ҷаласа муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Алексей Башан.
Таҳиягарони тавсияҳо ҳамчунин таъкид намудаанд, ки дар ин санад имкони ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ҳар нафаре, ки тартиби муқарраршудаи муҳоҷиратро вайрон менамояд, пешбинӣ шудааст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






