Тоҷикистон ва Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориро дар самти рушди иқтисоди «сабз» густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар ҳошияи Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор дар шаҳри Женеваи Швейтсария Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) барои минтақаи Аврупо хонум Татяна Молчан вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти рушди иқтисоди «сабз» густариш диҳанд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамзамон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти иқтисоди такрористеҳсол розигиашонро баён доштанд.
Котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) барои минтақаи Аврупо хонум Татяна Молчан изҳор намуд, ки дар корҳои омодагӣ ба чорабиниҳои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA), ки соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати онро ба уҳда дорад, кумаки техникӣ мерасонад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






