35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт

Апрель 28, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ духтарон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бино ва мағоза аз ҷониби соҳибкор Амиралӣ Сафаров бахшида ба  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бино дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён қомат афрохта, тибқи нақша, аз 4 ошёна иборат мебошад. Даар ошёнаи якум мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ва дар се ошёнаи дигар 8  манзили истиқоматии иборат аз 1 ва 2-ҳуҷрагӣ бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот соли 2023 оғоз гардида, баъди ба истифода додан 7 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 28, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ доир шуд
Доир ба нақши Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои он ҳамоиш баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд