Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд

Апрель 18, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ (Spring meetings) дар Вашингтон  бо директори идоракунандаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Маҳтар Диоп ва ноиби Президенти минтақавии IFC Ҳела Шейхрухоу мулоқот намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо самтҳои гуногуни рушди ҳамкории Тоҷикистон бо IFC, аз ҷумла қарздиҳии мустақим ва сармоягузорӣ дар рушди тиҷорат ва бахши хусусӣ, рушди хизматрасонии муосири рақамии молиявӣ, маблағгузории «сабз» ва ноил шудан ба ҳадафҳо дар қисмати коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин кумакҳои техникӣ барои баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши бонкӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ дар ин бахшро муҳокима намуданд.

Гуфта шуд, ки бо истифода аз робитаҳое, ки аллакай байни институтҳои ҳарду ҷониб амалӣ шудаанд, IFC дастгириашро барои татбиқи ислоҳоте, ки рушди онҳо барои Тоҷикистон афзалиятнок аст, идома медиҳад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 18, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд