Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид

Апрель 23, 2024 17:15

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва ҷаласаи навбатии Гурӯҳи коршиносони (ГК) Созмони ҳамкории Шанхай оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ (АБИ) баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар платформаҳои махсуси мутақобила, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид барои фароҳам овардани фазои иттилоотии бехатар, одилона ва кушод зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо оид ба татбиқ ва тамдиди  муҳлати Нақшаи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалии иттилоотӣ барои солҳои 2022 — 2023 табодули афкор намуданд. Якчанд пешниҳодҳо оид ба муқовимат ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсадҳои ҷиноятӣ, ба роҳ мондани муколама дар соҳаи молиявӣ аз ҷониби бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод гардид.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай

Апрель 23, 2024 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид