«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд

Апрель 25, 2024 19:18

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони якчанд ширкати байналмилалӣ мулоқот анҷом дода, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Фирдавс Толибзода бо намояндагони ширкати байналмилалии «Alvarez & Marsal Middle East», ки ба хизматрасонии машваратӣ машғул аст, вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ дар низоми бонкӣ, ислоҳоти қурби асъор, сиёсати пулию қарзӣ, рушди бахши бонкӣ ва молиявӣ табодули назар намуданд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки федералии захиравии Ню-Йорк вохӯрд, ки зимни он муносибатҳои мутақобила ва имконоти тақвияти самтҳои ҳамкории тарафҳо баррасӣ гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 19:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид