Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд

Апрель 16, 2024 19:29

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Амири Кувайт шайх Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ рӯзи душанбе шайх Аҳмад Абдулло ал — Аҳмад ас — Сабоҳро сарвазири кишвар таъйин намуд ва ба ӯ ваколат дод, ки аъзои нави девони вазиронро таъйин кунад. Дар ин хусус агентии иттилоотии Кувайт хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

7 апрел амири Кувайт истеъфои собиқ сарвазир — шайх Муҳаммад Сабоҳ ас — Салим ас – Сабоҳро, ки пас аз интихоби парлумони нав 4 апрел дархости истеъфои ҳукуматро пешниҳод намуд, пазируфт.

Сарвазири нав соли 1952 таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 ӯ роҳбари дафтари валиаҳд буд. Аз соли 1999 то 2005 вазири молия ва алоқа ва аз соли 2006 то 2011 дар мансабҳои вазири тандурустӣ, вазири нафт ва иттилоот фаъолият намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад